баргард чоп кардан

Дар Тоҷикистон хусумат ва бархӯрд миёни гурӯҳҳои мазҳабӣ мавҷуд нест

Сатҳи озодии мазҳабӣ дар Тоҷикистон тайи як соли ахир коҳиш ёфтааст.


Дар ин бора дар гузориши вижаи департаменти давлатии ИМА, ки чанде қабл ба нашр расид, ишора шудааст. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Амрико, ки санади  "Озодиҳои байналмилалии динӣ"-ро омода кардааст ва он марбути давраи шашмоҳаи аввали соли 2010 аст, гуфта шудааст, дар ҳоле, ки қонуни асосӣ дар Тоҷикистон интихоби озоди мазҳабиро ба мардум кафолат медиҳад, мақомоти ин кишвар ин озодиро барои сокинони Тоҷикистон маҳдуд мекунанд. Ҳамчунин, ба навиштаи коршиносони ин вазорат, ахиран дар Тоҷикистон мавориди зиёди нақзи ҳуқуқҳои мазҳабии мардум сабт шудааст.

Ба қавли коршиносони департаменти давлатии ИМА, бозгардонидани иҷбории донишҷӯён ва ҷавонони тоҷик аз донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ, яке аз намунаҳои нақзи ҳуқуқи мардуми тоҷик ба озодиҳо мазҳабӣ аст.Ҳамчунин, фишор алайҳи занон ва духтарони ҳиҷобпӯш, аз мушкилоти умда дар масири озодии дину мазҳаб дар Тоҷикистон талаққӣ шудааст. Аз сӯйи дигар бар асоси гузориши ин вазорат, ҳамчунин мавориди иҷборан водор кардани духтарон ва занон барои пӯшидани ҳиҷоб ба назар расидааст. Дар поёни гузориши вазорати хориҷаи ИМА навишта шуда, ки тайи як соли ахир дар Тоҷикистон ҳеч як мавриди бархӯрд ва хусумат миёни гурӯҳҳои мазҳабӣ ба қайд нарасидааст.{jathumbnail off}