баргард чоп кардан

Қотилони сардори мизи ҳарбии Чоркӯҳ дастгир шуданд

Зимни як амалиёти вижаи кормандони милиса дар ҷамоати «Чоркӯҳ»-и ноҳияи Исфара гумонбарон дар қатли Содиқ Ашӯров, сардори мизи ҳарбии ҷамоати мазкур боздошт гардиданд.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт  Насими Салимзода 21- сола, омӯзгори мактаби миёнаи умумии № 58, Додобоев Фарҳоди 22- сола, Муҳаммадшариф Умаров, Сафаров Ёсинҷон ва Равшанҷон Холови 27 сола, сокинони ҷамоати Чоркӯҳ,  деҳаи Хоҷа-Аъло дастгир шуданд. Айни ҳол оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, Содиқ Ашӯров, сардори мизи ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳро шаби 11-уми сентябри соли равон, тахминан соати 23:00  дар кӯчаи Сомониёни деҳаи Хоҷа Аъло ба қатл расонида буданд.{jathumbnail off}