баргард чоп кардан

Таби хунин дар Данғара ду касро ба ҳалокат расонд

Дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз аввали сол инҷониб  9-нафар гирифтори бемории таби хунин (геморологическая лихорадка) гаштаанд.


Аз ин шумора, 2-нафар дар ноҳияи Данғара ба ҳалокат расида, боқӣ бо кумаку табобати духтурон шифо ёфтаанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб хабар дод. Бино ба гуфтаи ҷаноби Миралиев, таби хунин бемории сироятӣ буда, усулан аз як намуди кана, ки дар ҳайвон пайдо мегаштааст, ба инсон мегузарад. «Тақрибан беш аз 95-фисади гирифторони ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Хушбахтона, маризони мо, ки дар сари вақт ба табибон муроҷиат кардаанд,    табобат ёфтанд»,- мегӯяд ӯ.

Чанде қабл дар матбуоти Тоҷикистон иттилоъе пахш шуда буд, ки гӯё дар рустои Чагами ноҳияи Шӯрообод 8-нафар аз мардуми маҳаллӣ гирифтори касалии вабо гаштаанд. Аммо муовини сардори раёсати тандурустии вилоят гуфт, дар ин ҷо умуман вабо вуҷуд надорад. «Як сокини ҳамин русто бо исми Асомуддин Раҳмонов баъди газидани кана мубталои таби хунин гаштааст. Дар ҳамин ҳол, барои пешгирӣ аз ин беморӣ шахси мариз ва 7 нафар аз алоқамандон бо ин бемор, ба таври оҷилӣ ба касалхона интиқол дода шудаанд. Ташхис муайян намуд, ки алоқамандони бемор сироят наёфтаанд ва худи бемор ҳам ба пуррагӣ муолиҷа гирифт»,- афзуд Миралиев.

Тибқи иттилои расмӣ, як сол гир қабл гифторони ин беморӣ дар навоҳии минтақа 2-нафар будаанд.{jathumbnail off}