Ҷароҳати вазнини тоҷики 37-сола дар пайи таркиши газ
Дар пайи таркиши газ дар хонаи рақами 15-и кӯчаи Колтсевойи маҳаллаи Порошкинои ноҳияи Всеволожск як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Тибқи иттилои мақомоти вилояти Ленинград, ки ноҳияи Всеволожск ба ҳайати он дохил мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 20-уми ноябр дар беморхонаи ноҳиявии Тоскова бистарӣ шудааст: “Ҳудуди 45 дарсади баданаш сӯхта, узвҳои нафаскашияш аз гармию таъсири маводи кимиёвӣ зарари сахт дидаанд.”
Табибон феълан вазъи шаҳрванди Тоҷикистонро вазнин арзёбӣ мекунанд.