Ларзиши замин аз Душанбе то Хоруғ
Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон нисфирӯзи 21-уми ноябр заминҷунбиро сабт намуд, ки марказаш дар 293 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон будааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, заминларза соати 13:58 дақиқа сурат гирифта, иқтидори он дар шаҳри Душанбе 2-3 бал ва дар Хоруғ 2 балро ташкил додааст: “Иқтидори заминҷунбӣ дар маркази он ба 4 бал баробар буд.”
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол аз хисороти ин заминҷунбӣ иттилое дар даст надоранд.