баргард чоп кардан

"Дар ин дунё"-и Ҷонибек бо оҳанги Манижа Давлатова ба Уoutube роҳ ёфт (САДО)

Таронаи “Дар ин дунё”-и Ҷонибек Муродов, хонандаи маъруфи тоҷик, ки оҳанги он ба Манижа Давлатова таалуқ дорад, дар интернет нашр шудааст.

Шакли аудиоии он дар бархе торнамоҳои мусиқии тоҷикӣ ва Ютуб нашр шуда ва теъдоди шунавандаҳояш низ бо суръат зиёд мешавад. Оҳанги “Дар ин дунё”-ро ба Манижа Давлатова, яке аз хонандаҳои шинохтаи тоҷик, ки чанд сол қабл аз саҳнаи хонандагӣ канор рафт, навиштааст. Матни он ба қалами Шоирабонуи Раҳимҷон, як таронанависи тоҷик таалуқ дорад.

“Дар ин дунё” як суруди иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки зиндагии имрӯзаро бозгӯ мекунад.