баргард чоп кардан

Морел ва Зарифӣ масоили Афғонистонро ба баррасӣ гирифтанд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба қавли ВКХ, дар нишасти мазкур мудири дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон   Эдуард Ауэр низ иштирок кард. Гуфта мешавад, зимни мулоқот намояндаи махсуси ИА ба Зарифӣ оид ба фаъолияти худ дар минтақа ва сафарҳои кории хеш ба Қирғизистон иттилоъ дод.

Вобаста ба ин мавзӯъ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон, ҳамчун ҳамсояи наздики Қирғизистон манфиатдори сулҳу субот ва вазъияти осуда дар ин кишвар мебошад. Зарифӣ оид ба вазъият дар минтақа ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя низ иттилоъ дод. Вазир ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат изҳори назар кард.
Ҷонибҳо вазъияти Афғонистон ва рушди ояндаи ин кишварро баъди баровардани қӯшунҳои коалитсионӣ дар соли 2014 муфассал муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки кори конфронс оид ба Афғонистон, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Бон баргузор мешавад, ба натиҷаҳои мусбат ноил мегардад. {jathumbnail off}