баргард чоп кардан

Парлумон барканории сардори маъмурияти президентро талаб дорад

Парлумони Қирғизистон тасмим гирифтааст, то ба президенти кишвар Роза Отунбаева дар хусуси фавран барканор кардани сардори маъмурияташ  Эмилбек Каптагаев муроҷиат намояд.


Тавре хабаргузориҳои ин кишвар менависанд,   шоми гузашта дар як ҷаласаи пӯшидаи парлумон аксари аъзои парлумон ба тарфадории ин пешниҳод овоз додаанд.

 

Маврид ба ёдоварист, соли равон як қатор вакилони парлумон даст доштани Каптагаевро дар фасоди молӣ дар маъракаи ҳаҷи соли 2010 мавриди баррасии парлумонӣ қарор дода, як кумиссиюни вижаи таҳқиқи ин ҳодисаро аз ҳисоби вакилони мардумӣ таъсис дода буданд. Аммо он навбат президент хулосаи ин кумиссиюнро нодида гирифта буд.

Аммо маркази матбуоти порлумони Қирғизистон ин хабарро бинобар пӯшида будани ҷаласаи порлумон на таъид ва на рад  кардааст.{jathumbnail off}