баргард чоп кардан

«Истиқлол»-и Душанбе озими Тайван шуд

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё озими Тайван шуд.


Тавре аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ба ҳайати тими “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Олимҷон Рафиков 18 футболбоз (2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар) шомиланд. Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқа аз 19-ум то 25-уми сентябр дар шаҳри Гаосюни Тайван дар ду гурӯҳ баргузор мегардад. Рӯзи 19-уми  сентябр “Истиқлол» дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои «Тайван Пауэр»-и Тайван ба майдон баромада ва рӯзи 21-ум бошад, бо дастаи «Балкан»-и Туркманистон рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “В” бошад, дастаҳои “Нефтчӣ»-и Қирғизистон, «Яданарбон»-и Мянмар, барандаи Ҷоми АФК дар соли 2010-ум ва «Пномпен Краун»-и Камбоҷа дохил мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо ба сабқати навбатӣ, ки 25-уми сентябр доир мегардад, роҳ меёбанд.

Гуфтанист, ғолиби Ҷоми раиси АКФ ба маблағи 50 ҳазор доллар мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастае, ки дар бозии ниҳоӣ мағлуб мешавад, 25 ҳазор доллар супорида мешавад.

Ёдрас менамоем, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се маротиба; солҳои 2005, 2008, 2009  ғолиби ин мусобиқа гардида буд. Тими “Истиқлол” бошад, барои нахустин бор аст, ки  барои ширкат дар Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифтааст, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}