64 нафар барои дарёфти Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мубориза мебаранд
Аз 18 то 25-уми сентябр дар толори тенис, воқеъ дар варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тениси калон барои дарёфти ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре Миралӣ Тешаев, сухангӯи дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин мусобиқа 64 нафар варзишгарон аз кишварҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, ва Озарбойҷон ширкат мекунанд. Манбаъ афзуд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Аҳмадҷони Муҳаммад ва боз чанде дигарон муаррифӣ мекунанд. {jathumbnail off}