“Тоҷикистон”-ро дар Маскав нимаи моҳи декабр хароб мекунанд
Ҷараёни хароб кардани кинотеатри “Тоҷикистон” дар ноҳияи Строгинои Маскав нимаи дуюми моҳи декабр шурӯъ гардида, соли 2015 анҷом меёбад. Дар ин бора Андрей Новиков, муовини раҳбари департаменти сохтмони шаҳри Маскав хабар додааст.
Ӯ зимни як ҷаласа гуфтааст, “охирҳои моҳи декабр ба хароб кардани он оғоз мекунем. Дар моҳи январ он аллакай нест”.
Дар ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” маркази бузурги савдо бунёд мегардад.
Ин кинотеатр дар кӯчаи Маршал Кутуков ҷойгир буда, зерсохтори “Московское кино” мебошад ва аз соли 2001 ба ин сӯ ба сифати кинотеатр фаъолият надорад. Он аз ду толор иборат буда соли 1982 ифтитоҳ ёфтааст.