Муовини сарвазири Қирғизистон: Тоҷикистон ҷуброни задухӯрди марзиро пура напардохтааст
Тоҷикистон ҷуброни муноқишаҳои марзии моҳи майи соли равонро пурра ба Бишкек пардохт накардааст. Ин нуктаро Абдураҳмон Маматалиев, ноиби нахуствазири Қирғизистон дар масоили амният ва дифоъ аснои суханронӣ дар парлумони кишвараш изҳор доштааст.
Ба қавли ӯ, баъди ҳаводиси марзӣ ҳукумат хисороти расидаро 7 миллион сом, муодили беш аз 100 ҳазор доллар муайян кард ва дар марҳилаи аввал ҷониби Тоҷикистон ҷубронро пардохт. Аммо баъди ду задухӯрди минбаъда Тоҷикистон чизе бештар аз миллион сом, ҳудуди 20 ҳазор доллар пардохт кард:
“Ҳамаи маблағҳо пардохт нашудаанд, ҳарчанд раҳбарияти кишвар чизи дигар мегӯянд. Мо бори дигар ҳамаи пардохтҳоро ҳисоб мекунем”, - афзудааст Абдураҳмон Маматалиев.
Дар ҳамин ҳол, вакили қирғиз - Улуғбек Қучқоров гуфтааст, агар Тоҷикистон маблағи ҷубронро пардохт накард, пас бояд онро ҳукумати Қирғизистон пардохт намояд. Абдураҳмон Маматалиев, ки раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон буд, аз ин пеш дар як суҳбаташ бо радиои “Озодӣ” низ аз пардохт шудани як миқдор аз хисороти расида ба Бишкек аз сӯи Душанбе хабар дод, аммо нагуфт, ҳаҷми он чӣ қадар аст.
7 майи соли равон миёни сокинони навоҳии марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон занозанӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб зарар диданд.