баргард чоп кардан

Аҳмадинажод дар Ню-Йорк бо эрониҳо мулоқот мекунад

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз (19-уми сентябр)  барои ширкат дар ҷаласаи 66-уми Асамблеяи озими Ню-Йорк мешавад.

Аҳмадинажодро дар ин сафар як қатор масъулини ҳукумат ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Тавре хабаргузориҳои давлати исломӣ иттилоъ медиҳанд, раисҷумҳури ин кишвар  ҷаҳд дорад, дар ин сафар бо як қатор сарони кишварҳои дунё дидору мулоқот анҷом диҳад. Ҳамчунин, доир намудан як нишасти хабарӣ ва мусоҳиба бо як қатор расонаҳои ғарбӣ низ дар назар дошта шудааст. Аммо дидору мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод бо чеҳраҳои эрониасли Амрико, ки зимнан мақомҳои баландеро дар ин кишвар дар даст доранд, аз сўҳбатҳои меҳварии ў хоҳад буд.

 

Баъди анҷоми ҷаласаи СММ Аҳмадинажод якҷо бо раҳбари Венесуэлла Уго Чавес ба ин кишвар барои имзои як қатор шартномаву қарордоди ҳамкорӣ хоҳад рафт.{jathumbnail off}