Ба гуфтаи ин сокини Нуробод дар минтақае, ки онҳоро ҷой кардаанд на ҷойи гаштугузори кӯдакон ҳасту на обу барқ: “Аммо то ҳол ягон масъул ҷои навамонро хабар нагирифтааст. На аз ноҳияи Нуробод ва на аз ҳукумат аз ҳоли мо хабар нагирифтаанд, ки дар чӣ шароит зиндагӣ дорем”.
Аммо Саъдӣ Кабутов, як муҳоҷиршудаи дигар мегӯяд аз 30 сентябр ин ҷониб оби нушокӣ қатъ шудааст ва онҳо оби нӯшокиро аз ҳамсояашон, ки алоҳида аз дигар ҷой об кашидааст мегиранд: “Он ҳам тавассути барқ дастрас мешавад. Барқро бошад дар як шабонарӯз ҳамагӣ чор соат медиҳанд.”
Дар ҳамин шароит ин нафар низ муҳоҷират дар фасли зимистонро номумкин хонд: “Барои зимистонгузаронӣ умуман захираи сузишворӣ надорем. Масъулини дирексияи Роғун ҳафтаи гузашта дар маҷлис қайд карданд, ки мушкили барқро ҳал мекунем. Агар ин мушкил ҳал шавад аз плиткаҳои барқӣ истифода мекунем ва агар на ангишт бо нархи арзон ёфтем, мехарем”.
Сокини дигари деҳаи Чорсада, Суҳбатулло низ аз он мегӯяд, ки хонаҳои наваш барои зимистонгузаронӣ омода нестанд ва аз масъулин хост, ҳадди ақал то фасли баҳор муҳлат диҳанд: “Мо дар он ҷо истоданӣ нестем, аммо шароити моро ҳам бояд бифаҳманд, ақалан то баҳор бароямон муҳлат ва қарзҳои имтиёзнок диҳанд хонаҳоро обод карда мекӯчем”.
Аммо Зебеҳулло Эшонов, сардори бахши муҳоҷирати ноҳияи Нуробод таъхири муҳоҷирати оилаҳоро аз Чорсада ғайриимкон хонд, зеро ба гуфтаи ӯ аз 148 хоҷагии ин маҳалла алакай 132 тоашон муҳоҷир шудаанд, мактабу бунгоҳи тиббӣ кор намекунанд ва агар кӯч набанданд, фарзандони онҳо дур аз таълим мемонанд.
Деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод дар қатори чанд деҳаи дигар бо сабаби дар минтақаи зериобии Роғун ҷой доштанашон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи 2009, №47 «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерўгоҳи барқи обии Роғун кўчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод» ба мавзеи Теппаи Самарқандӣ муҳоҷир карда шудаанд.