Баҳс дар Суди Олӣ: Тоҷик будан дар Русия мушкил аст (ВИДЕО)
Додгоҳи Олии Тотористон шикояти кассатсионии сокини Қазон, Фарида Раҳмоноваро, ки чанд сол боз ба далели шаҳрванди Тоҷикистон будани шавҳараш - маъюби Чернобил фарзандонаш аз имтиёзпулӣ маҳруманд, рад кард. Аз ин пештар додгоҳи зинаҳои поёнӣ дархости Фарида Раҳмоноваро барои нафақапулӣ ба фарзандонаш рад карда буд, аммо Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия хулоса дод, ки фарзандонаш ҳаққи гирифтани ин имтиёзпулиро доранд.
Қудратҷон Раҳмонов, шавҳари Фарида ва падари фарзандонаш – Дилоро ва Рамазон яке аз бартарафкунандаҳои садамаи Чернобел мебошад ва аз он ҷо маъюби гуруҳи 2 баргаштааст. Қудратҷон Раҳмонов ба ҳайси сарбози қаторӣ соли 1986 дар бартарафсозии пайомадҳои садамаи Чернобил иштирок доштааст ва дар натиҷа саломатияшро аз даст дода, маъюби гуруҳи 2 шудааст.
Зану фарзандони Қудратҷон Раҳмонов шаҳрвандии Русияро доранд, аммо худаш гарчанде солиёни дароз дар Қазон зиндагӣ дорад, ҳанӯз ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст. Фонди нафақаи Тотористон шиносномаи тоҷикии ӯро далел карда, ба фарзандонаш, ки шаҳрванди Русияанду тибқи қонун бояд моҳе 720 рубл имтиёзпулӣ бигиранд, ҳаққашонро надода истодааст.
Тамоми зинаҳои додгоҳи Тотористон дар баҳс Фонди нафақаро ҷонибдорӣ кардаанд. Гарчанде ахиран Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия хулосаи худро дар бораи ин қазия баён дошта, таъкид намудааст, ки ин имтиёзпулиҳо ба кӯдакони шаҳрванди Русия бояд пардохта шаванд, сарфи назар аз шаҳрвандии падарашон.
Дар ҳамин ҳол Фарида Раҳмонова ният дорад ба Додгоҳи Олии Русия муроҷиат кунад ва муборизаро идома диҳад, то ба далели тоҷик будани падар, фарзандонаш аз ҳаққи худ бенасиб намонанд.