Тааҷҷуби Душанбе аз эълони Маскав дар бораи қаторҳо
Корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" хабари расонаҳои русиро дар мавриди қатъи омадурафти қаторҳои ин кишвар ба Тоҷикистон тааҷҷубовар хонд, чун ба иттилои мақомоти тоҷик то ҳол низ қаторҳои Русия ба кишвари мо омадурафт надоштанд. Масъулини "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯянд, ҳаракат дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Маскав пурра аз ҷониби корхонаи тоҷикистонӣ амалӣ мешаванд ва ширкати русӣ дар ин бозор иштирок надоштааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта расонаҳои русӣ хабар доданд, ки “Роҳи оҳани Русия” омадурафти қаторҳояшро ба бархе аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон қатъ кардааст. Расонаҳои русӣ аз қавли масъулини ин ширкат хабар доданд, ки қарори қатъи омадурафт аз 14-уми декабр мавриди амал қарор мегирад. Роҳи оҳани Русия дар шарҳи ин тасмим овардааст, ки ҳаракати қаторҳо дар ин хатсайрҳо аз нигоҳи иқтисодӣ муфид нест ва бинобар ин қарор шудааст, ки ҳадди ақал омадурафти қаторҳо ба Тоҷикистон, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои як сол мутаваққиф шавад: "Ин навгонӣ ба Белорусия, Узбакистон, Молдова ва Абхазистон дахл нахоҳад дошт."
Масъулини Роҳи оҳани Русия таъкид намудаанд, ки ширкатҳои миллии давлатҳо, аз ҷумла Роҳи оҳани Тоҷикистон метавонад, мувофиқи салоҳдиди худ ҷадвали омадурафти қаторҳояшонро ба Русия роҳандозӣ кунанд ва дар ин самт маҳдудияте нахоҳад буд.