баргард чоп кардан

Барқи тоҷик: Ҳудуди 3 ҳазор корманд ихтисор мешавад

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ният доранд, баъди насби ҳисобкунакҳои нави кортӣ, ки айни ҳол оғоз шудааст, аз хизматрасонии нозирони барқ даст кашанд.

Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, айни замон дар ноҳияи Рудакӣ, бо дастгирии мутахассисони чинӣ насби 20 ҳазор ҳисобкунакҳои нав идома дорад.  Манбаъ арзиши лоиҳаро 500 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар сурати бо муваффақият аноҷомидани лоиҳа насби ҳисокунакҳои нави барқӣ дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, низоми кори ҳисобкунакҳои нави барқӣ ба кори телефонҳои мобилӣ монанд аст: «Ин ҳисобкунакҳо корти махсус доранд, ки муштарӣ барои гирифтани барқ, пешакӣ ба суратҳисоби он маблағ мегузаронад. Баъди тамом  шудани маблағ, таъминоти барқ ҳам қатъ мешавад».

Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки баъди насби ҳисобкунакҳои нави кортӣ, ҳоҷат ба нозирони барқ дигар боқӣ намемонад. Ба гуфтаи манбаъ,  айни ҳол дар ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 3 ҳазор нозир кор карда истодаанд.

Таҳлилгарони ширкати «Барқи тоҷик» ҳисоб кардаанд, ки барои пурра даст кашидан аз хизматрасонии нозирон, зимни фурўш ва ҷамъоварии ҳаққи барқ,  зиёда аз 40 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.{jathumbnail off}