баргард чоп кардан

Банӣ Валид то ҳанӯз дар дасти ҷонибдорони Қаззофист

Дар Либия муқовимати нерӯҳои содиқ ба раҳбари пешини ин кишвар Муаммар Қаззофӣ бо мухолифини ҳукумат, ки аз нисф зиёди сарзамини мазкурро таҳти контрол доранд, идома мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ, ҳокимони муваққати Либия эълом доштаанд, ки ҳанӯз бар сари ташкили кобинаи нав ба тавофуқ нарасидаанд.

Зимнан, Маҳмуд Ҷибрил, нахуствазири ҳукумати муваққатӣ, ки то ин замон бояд аъзои кобинаашро таъйин мекард, гуфт, музокирот бар сари мақомҳои калидӣ идома дорад. Дар ҳамин  ҳол, нирӯҳои Шӯрои миллии гузор дар Банӣ Валид ва шаҳри Сирт- зодгоҳи сарҳанги фирорӣ бо муқовимати шадиди ҷонибдорони Каззофӣ дучор шудаанд. Бино ба иттилои расида, задухӯрди гурӯҳҳои даргир барои ишғоли Банӣ Валид алъон идома дошта, истеҳкоми мазкур аз сӯи тарафдорони Қаззофӣ ҳимоя мешавад.{jathumbnail off}