Боздошти муттаҳами фирорӣ дар марги 3 сокини Душанбе
Раёсати умури дохилии Душанбе аз боздошти ронандаи фирории “Мерседес” хабар дод, ки дар марги се сокини ҷавони Душанбе муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 6-уми декабр тахминан соати 04:30 дақиқа ронандаи «Мерседес», бе рақами қайди давлатӣ дар кӯчаи Шевченко аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ва дар натиҷа мошинаш ба дарахти канори роҳ бархӯрда, чаппа мешавад: “Дар натиҷа мусофирони ин нақлиёт - Мамадмуродова Фирӯза, сокини 26-солаи кӯчаи Қаҳҳоров, Ризоева Нигина, сокини 22-солаи кӯчаи Рӯдакӣ ва Холназаров Комил, истиқоматкунандаи 26-солаи кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе зимни интиқол ба беморхона ба ҳалокат мерасанд.”
Манбаъ мегӯяд, дар ин миён ронандаи автомашинаи “Мерседес” аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад: “Дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Шарипов Фарҳоди 21-сола муайян ва дастгир карда шуд.”
Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯяд, феълан нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.