баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи 21 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милиса

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Кӯлоб маводи мухаддир дарёфту мусодира гардид.

Тибқи иттилои ВКД, зимни амалиёти мазкур  Ғанӣ Ғаниеви 25- сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Абулқосим Лоҳутӣ хонаи 162, ки корманди масъули идораи обтақсимкунии шаҳри  Кӯлоб аст, дастгир карда шуд. Аснои кофтукови манзили зисти ӯ 21 килою 500 грамм маводи нашъадори «бангдона» забт шудааст.

 

Ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд, дар шаҳи Хуҷанди вилояти Суғд    дар ҳудуди кӯчаи Ленин, шаҳрванд  Фирдавс Сатторови 37 сола, сокини кӯчаи Ленин, хонаи  33/25 аз сӯи кормандони милиса мавриди тафтишу боздошт қарор гирифт. Номбурда, чанд рӯз қабл дар бозори «Панҷшанбе» ба як нафари дигар, ки номаш ифшо намешавад, 940 грамм ҳашиш фурӯхтааст,-афзуд манбаъ.