Боздошти як корҷӯи рус бо иттиҳоми дуздии шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон
Дар фурудгоҳи Пулковои Русия бо иттиҳоми рабудани шиноснома, чиптаи ҳавопаймо ва планшети як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 29-солаи Красноярск боздошт шудааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон, ки қасди парвоз бо хатсайри Санкт-Петербург - Алма-Аторо доштааст, ба шӯъбаи дар фурудгоҳбудаи умури дохилии Русия муроҷиат намуда, аз дуздида шудани бастае хабар додааст, ки дохили он ду шиноснома, чипта ва планшет будааст. Ҳаҷми хисороти расида 8 ҳазор рубли русиро ташкил додааст.
“Дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздии ин баста як сокини 29-солаи шаҳри Красноярск боздошт гардид. Муайян карда шуд, ки дастгиршуда чанде пештар барои пайдо кардани кор ба Петербург омада ва инҷо сабти ном нашудааст”,-хабар додааст дафтари матбуотии пулиси нақлиёт.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.