Ҳалокати се ва ҷароҳати ду нафар дар Хоруғ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шоми 16-уми декабр дар пайи бархӯрди “Мерседес”-и қайди Душанбе ба симчӯби равшанидиҳанда се сокини Хоруғ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи иттилои манбаъ тақрибан соати 16:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-200”, рақами давлатиаш 67-10 ВЕ РТ 01, Хуҷамриев Искандар, сокини 55-солаи шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз минтақаи Тем ба самти шаҳри Хоруғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошинаш ба симчӯби бетонии ҷароғакҳои равшанидиҳанда бархӯрдааст: “ Дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш - Охунвалиев Юсуфи 51-сола ва Алиназаров Қиматназари 49-сола сокинони кӯчаи Ленини Хоруғ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ мегӯяд, мусофирони дигар Маҳбубов Эраҷи 39-сола ва Тавакалов Ҷумъаи 40-сола бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд.