Муноқишаи хешовандон ва куштор дар чойхонаи “Помир”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муноқишаи хешовандон дар чойхонаи “Помир”-и шаҳри Истаравшан бо куштори як сокини 30-солаи ин ноҳия анҷомидааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 16-уми декабр Лутфулло Исмоилов, сокини 36-солаи ноҳияи Истаравшан, дар чойхонаи “Помир”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки ҳамин ноҳия, бо писари аммааш Шералӣ Қушоқови 30-сола муноқиша намудааст: “Дар пайи ҷангу ҷанҷол Исмоилов бо корд 3-маротиба ба китфи рост ва гулӯи Қушоқов зада, аз ҷойи ҳодиса мегурезад.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Қушоқов дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид: “Дар пайи кофтукоб Исмоилов ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир карда шуд.”
Ин ниҳод мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.