баргард чоп кардан

Расул Боқиев шарафи Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ ҳимоя мекунад

Расул Боқиев, паҳлавони номвари тоҷик ҷиҳати омодагии беҳтар ва тайёрӣ барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштин дар шаҳри Маскав ба тамрин машғул аст.


Дар ин бора аз кумитаи милии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Бино ба қавли сарчашмаи хабар, сабқати ҷаҳонӣ қарор аст дар таърихи 23-юми сентябр то 26-уми моҳи равон дар Алмаатои Қазоқистон доир гардад.

Манбаъ афзуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 нафар шомиланд, ки 12 тани онҳо дар вазнҳои гуногун  кишварро муаарифӣ хоҳанд кард. Хушбахт Қурбонмамадов дар вазни 60 кило, Ҷасур Шамилов дар вазни 66 кило, Расул Боқиев ва Абдуғанӣ Ҳотамшоҳи дар вазни 73 кило, дар вазни 81 кило- Фарҳод Раҳимов, Шайхов Шерзод ва Сармат Мируллоев, дар вазни 90 кило -Неъматулло Аслонқулов ва Парвиз Собиров, дар вазни 100 кило Муҳаммадмурод Абураҳмонов ва Раҳматулло Абдуллоев, Абубакр Раҳмонов бошад дар вазни аз 100 кило боло қувваозмоӣ мекунанд.{jathumbnail off}