Шикояти сокинони Ҳисор аз дастдарозиҳо ба писарони ноболиғ
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи М.М-и 18-сола аризаҳои шикоятӣ ворид шудаанд, ки дар онҳо сокинони Ҳисор аз дастдарозӣ ба писарони ноболиғашон шикоят мекунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД аз ҷумла ба шуъбаи пулиси Ҳисор, сокини 37-солаи ноҳия муроҷиат карда, арз доштааст, ки рӯзи 18-уми декабри соли равон М.М писари ноболиғаш, С.Б.-и 11-сола, хонандаи синфи 5-умро бо роҳи фиреб ба мактаби кӯҳнаи деҳа бурда, бо тариқи зӯроварӣ нисбаташ ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.
Ба итттилои манбаъ алайҳи М.М ҳамчунин сокини 30-солаи дигари ноҳияи Ҳисор, муроҷиат намудааст: “Ин сокини Ҳисор шикоят кардааст, ки М.М нисбати писарчаи ноболиғаш, хонандаи синфи 5-ум ҳаракатҳои шаҳвонӣ кардааст.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.