ФИФА рӯзҳои баргузории Ҷоми Ҷаҳон-2018-ро эълон кард
ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол санаи баргузории бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018-ро эълон кард.
Ба иттилои торнамои ин ниҳод мусобиқоти навбатии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар 11 шаҳри Русия баргузор мешавад. Шаҳрҳои Москав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Сочи ва Екатеринбург мизбони ин мусобиқоти бонуфуз хоҳанд буд. Бозиҳои Ҷоми Конфедератсия бошад, дар чаҳор шаҳри Русия - Москав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазон баргузор мегардад.