ВКД: Сокини Душанбе ҳамқадаҳашро ба шишаи арақ куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 27-солаи Душанбе хабар дод, ки дар куштори ҳамқадаҳи 47-солааш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 22-юми декабр Евгений Волков, сокини 27-солаи Душанбе дар ҳолати мастӣ бо Агаджанов Григорий, сокини 47-солаи пойтахт муноқиша карда, якчанд маротиба бо шишаи арақ ба сараш задааст: “Дар натиҷа шаҳрванд Агаджанов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.