баргард чоп кардан

«Старий Дуб»-и Маскав-ҷои баргузории шаби шеъри тоҷикӣ

Дар қаҳвахонаи «Старий Дуб»-и Маскав бо ташаббуси  ҳамватанон ва тоҷикистониёни муқими ин шаҳр шаби назм бо номи «Садои ҳамватанон» баргузор гардид.


Дар ин маҳфил, ки онро гурӯҳи эҷодии «Субҳи умед» ташкил карда буд, ҳама чиз тоҷикӣ ва саршор аз самимият буд. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ профессор Беҳрӯз Сиддиқов, ки 54 сол боз дар Маскав кору фаъолият дорад, ашъори худро қироат карда, адиби ҷавон Икромӣ аз ноҳияи Ҳисор, Адолатбек аз Бадахшон, Басирӣ аз Исфара ва дигарон абётпораҳои хешро манзури ҳозирин сохтанд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, аспиранти Донишгоҳи тиббии шаҳри Маскав Иброҳимшоҳ Маҳмадшоев, ки худ низ шеър эҷод мекунад, ҳар моҳ ду маротиба утоқи кории худро ба ихтиёри шоирон вомегузорад, то эшон маҳфили эҷодии «Субҳи умед»-ро гузаронанд.Баробари қироати шеърҳо маҳфилро овозхонҳои хушовози дастаҳои ҳунарии «Авасто», «Чашмаи Носир» ва «Равшандилони Рӯшон» шукӯҳи дигар бахшиданд.Шоири дигар Ворисов Алишод, номзади илмҳои тиб, ҷарроҳи қалб, навқаламон Раҳим Одилҷонов ва Азорабек Шукруллобеков шеърҳои худро яке паи дигар қироат карданд.

Дар маҳфил меҳмонону ҳамватанони дигар, аз ҷумла шоири ҷавон Хайриддини Абдулло, раиси ҷамъияти тоҷикони Осетияи  Шимолӣ Арсен Худойдодов, сардабири рӯзномаи «Овози  тоҷикистониҳо» А. П. Балян ва кормандони сафорати ҷумҳурии Точикистон дар Федератсияи Русия низ суханронӣ намуданд.{jathumbnail off}