Таъсири моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити зист баррасӣ мешавад
Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 26 то 30 сентябри соли равон ҳамойиши байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъсири моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити зист» доир мегардад.
Тавре ба «Озодагон» аз агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии академияи илмҳои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар семинари мазкур мутахассисон аз кишварҳои Юнон, Испания, Кипр, Хорватия, Беларус, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Латвия, Литва ва Полша иштирок мекунанд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории ҳамойиши мазкур мубодилаи таҷриба оид ба татбиқи меъёрҳои агентии байналмилалии назорати маводи ҳастаӣ (МАГАТЭ) дар масъалаи таъсири моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити зист ва аҳолӣ мебошад.{jathumbnail off}