Таъхири мурофиаи Шуҳрат Қудратов барои ҳозир нашудани шоҳидон
Идомаи мурофиаи додгоҳии адвокати боздоштшудаи тоҷик - Шуҳрат Қудратов, ки қарор буд, имрӯз, 2 январ баргузор шавад, ба рӯзи 5-уми моҳи равон гузошта шуд.
Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, додраси парванда далели ин тасмимро дар ҳозир нашудани ду шоҳид рабт додааст, ки мебоист дар қазияи “Мовароуннаҳр” суҳбат кунанд. Дар мурофиаҳои гузашта айбдоркунандаи давлатӣ изҳор дошт, Турабек Охунов барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш - Ҷурабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” бо Шуҳрат Қудратов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст”.
Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Шуҳрат Қудратов бошад, гуфт, ки 7 ҳазор долларе, ки дар гузашта Охунов барои он даъво дошт, ҳаққи хизматҳои расондааш ба ин хонавода буд.
Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад.