Зан дар куштори шавҳар муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси вилояти Суғд як зани 38-соларо дар куштори шавҳараш муттаҳам мекунанд.
Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Суғд 5 январ тахминан соати 06:40, Машҳура Деҳқонова, сокини 38-солаи шаҳри Исфара дар пайи муноқиша бо корд як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш Ғайратҷон Деҳқонови 41-сола мезанад: “Дар натиҷа Ғайратҷон Деҳқонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Манбаъ мегӯяд, феълан Машҳура Деҳқонова дар боздошт буда, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ идома дорад.