баргард чоп кардан

Ҳамла ба ноширони карикатураи Пайғомбар ва ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони Франсуа Жерар Жорж Олланд – ҳамтои фаронсавияш дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Порис, ки беш аз 12 кушта бар ҷой гузошт, ҳамдардӣ баён кардааст.

Дар номаи раисҷумҳур аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, Иттилооти даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо”, ки 12 нафар кушта гузоштааст, мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард.”

Эмомалӣ Раҳмон ин гуна ҳамлаҳои хунинро ғайриинсонӣ ва вабои аср дониста, ба ҳамтои фаронсавияш гуфтааст, Душанбе барои решакан кардани ин гуна падидаҳои фалокатбор ҳамеша дар канори Порис мебошад: “Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад.”

Зуҳри 7 январи соли равон як гуруҳи мусаллаҳи номаълум ба дафтари кории маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" (Charlie Hebdo)-и Фаронса дар Порис ҳамла карда, дар пайи он 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла ва Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд. Дар ин ҳодиса инчунин ду корманди пулис низ кушта шудаанд. Раисиҷумҳури Фаронса ҳангоми боздид аз макони ҳодиса онро амали террористӣ хондааст. Ин дар ҳолест, ки ноябри соли 2011, ин нашрия тасвирҳои танзомез ба Муҳаммад (с) нашр карда буд, ки бо вокуниши ҷомеаи мусулмонӣ рӯбарӯ шуда буд ва ба гуфтаи расонаҳои ғарбӣ он замон идораи маҷалла мавриди ҳамла низ қарор гирифта буд.