баргард чоп кардан

Бознашри карикатураҳои пайғомбари Ислом бо нишони “ҳамраъйӣ” дар нашрияҳои Ғарб

Баъзе аз расонаҳои кишварҳои Ғарб тасвирҳои тавҳиномези Муҳаммад (с), паёмбари беш аз 1,5 миллиард пайравони дини мубини Исломро омили эҳтимолии ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” дониста, онҳоро бознашр кардаанд. Ин аксҳои тавҳиномези Муҳаммад (с) дар расонаҳои амрикоии “Business Insider” ва “Huffington Post” бознашр шуда, нашрияи “Daily Beast” низ беш аз 16 карикатураи басҳбарангези паёмбари Исломро чоп кардааст, ки моҳи ноябри соли 2011 маҷаллаи “Charlie Hebdo” нашр карда буд.

Ной Шахтман, сармуҳаррири “Daily Beast” омили бознашр шудани карикатураҳои Муҳаммад (с) дар нашрияи худро рамзи ҳамраъйӣ бо ҳамтоёни фаронсавиаш аз маҷаллаи “Charlie Hebdo” дониста, мегӯяд, “дар мавриди бознашри ин тасвирҳои тавҳиномез ҳатто дудила нашудам.” Инчунин карикатураҳои мазкур дар баъзе нашрияҳои олмонӣ, аз ҷумла рӯзномаи “B.Z.”-и Берлин ба табъ расидааст. Нашрияи “Berlingske” низ ин карикатураҳоро нашр карда, аммо муҳарриронаш гуфтаанд, ин нишонаи ҳамраъйӣ нест, балки ҳадаф аз бознашри ин тасвирҳои тавҳиномез, ки миёнашон акси Муҳаммад (с), ҳазрати Исо ва Адолф Гитлеру Франсуа Олланд низ ҳаст, намоиши чигунаии маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” мебошад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз шабакаҳои телевизионию расона ва нашрияҳои дигар, аз ҷумла NBC, CNN, ABC , CBS ва New York Daily News аз нашри ин карикатураҳо худдорӣ кардаанд. Масъулини New York Daily News мегӯянд, онҳо ин тасмимро ба хотири таҳқир нашудани эътиқоди динии пайравони Ислом гирифтаанд.

Дафтари кории маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр карда буд, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла ва Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд. Аз сӯи дигар, “ҳамраъйӣ” расонаҳои ғарбӣ ва бознашри бесобиқаи карикатураҳои паёмбари беш аз 1,5 миллиард мусулмони ҷаҳон дар ҳолест, ки ахиран дар як қатор аз шаҳрҳои Олмон, аз ҷумла Дрезден, Берлин, Мюнстер, Гамбург ва Штутгарт сокинон ҳаводори ҷиноҳи ростгаро бо нишони эътироз аз “Исломишавии Ғарб” ба кӯчаҳо баромаданд.

Онҳо бо сар додани шиорҳои зидди исломишавии Ғарб, хостори шадидтар кардани қавонини марбут ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, бо чунин дархост дар шаҳри низ сокинон роҳпаймоӣ кардаанд. Дар пайи ин тазоҳуротҳои зидди исломӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия кишварҳои аврупоиро ба мубориза алайҳи исломҳаросӣ даъват карда, аз онҳо хост, ба тазоҳуроти зидди исломӣ дар қаламравҳои худ хотима бахшанд. Эрдуғон гуфт, “кишварҳои аврупоӣ бояд ба ҷои дарси демократӣ гуфтан ба Туркия ба мушкили ҷиддии худ расидагӣ кунанд, ки ҳоло бо он рӯбарӯянд”. Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркия, исломмофобия таҳдиди ҷиддӣ ва бузурге барои кишварҳои Аврупо хоҳад буд: “Агар ин мушкил ҳалли худро наёфт, агар раҳбарони популизми аврупоӣ ба гарав гирифта шуданд, он замон ҳатман дар руйхати арзишҳои аврупоӣ таҷдиди назар хоҳад шуд”.


Дар акс: сардабири маҷаллаи Charlie Hebdo дар сомонаи The Telegraph