Сарчашмаи хабар тасдиқ кард, ки сементи воридотӣ, сарфи назар аз хароҷоти зиёд зимни инти ол дар бозорҳои кишвар тақрибан баробари сементи ватанӣ нарх дорад. Вай сабаби қиммат будани сементи истеҳсоли Тоҷикистонро, камиқтидории корхонаҳо ва гаронии гази ўзбекӣ унвон кард: «Дар ягона корхонаи калони сементбарории кишвар, - «Тоҷиксемент» дастго ҳҳои замони шўравӣ ва гази ўзбекӣ истифода шуда истодааст, ки ин ҳам ба нархи семент таъсир дорад. Дар корхонаҳои дигари хурд, ки зимни истеҳсоли семент ангишт истифода мешавад, қиммати он аз сабаби камиқтидории корхонаҳо баланд аст.Чӣ қадаре корхона калонтар бошад, ҳамон қадар арзиши аслии маҳсулоташ арзон хоҳад буд».
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар 6 корхонаи хурд ва як корхонаи калони сементабарорӣ, - «Тоҷиксемент» кор карда истодаанд ва дар ду соли наздик сохтмони ду корхонаи дигари иқтидори ҳар кадомашон 1 миллион тонна ба нақша гирифта шудааст. Масъулини вазорат таъкид мекунанд, ки корхонаҳои хурду бузурги сементбарорӣ, ки минбаъд дар Тоҷикистон сохта мешаванд, бо истифодаи ангишти ватанӣ фаъолият хоҳанд кард.{jathumbnail off}