Боздошти 95 аъзои ҲИУ, “Ансоруллоҳ”, “Ҷундулло” ва “Ҳизб-ут-таҳрир”
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, мегӯяд, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва амлиётҳои муштарак дар як соли сипаришуда 8 гуруҳи муташаккили ҷиноӣ муайян ва 95 аъзои ин гуруҳҳо боздошт шуд.
Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати умури дохилии Суғд 9 январ зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Хуҷанд аз гуруҳҳои ошкоршуда экстремистиву террористӣ ном бурд. Ӯ афзуд, 43 нафари боздоштшуда аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, 37 тан узви ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 9 кас аъзои ҷамоати “Ҷундулло” ва 5 нафар аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир”-анд.