Дар нишасти шаҳрдорӣ: Шоҳбулутҳои хушкида барқарор шудаанд
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар нишасти хабарии имрӯз, 16 январ гуфт, тамоми шоҳбулутҳои белгии хушкшуда барқарор шудаанд.
Ӯ афзуд, андозсупорандаҳо бояд дар мавриди тақдири ин дарахтон ташвиш накашанд, зеро маблағҳо мақсаднок истифода мешаванд. “Шоҳбулутҳо бо гуноҳи интиқолдиҳанда хушк гардида, ҳамаи онҳо аз нав барқарор шуданд".
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13 январ Толибҷон Раҳимов, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳазору чор шоҳбулути хушкшуда то имрӯз 667 адади он барқарор шудааст. Оқои Раҳимов дар хушкшавии ин шоҳбулутҳо ҷониби Узбакистонро айбдор кард. Ба қавли ӯ замони интиқоли ин дарахтон аз Аврупо ба пойтахти Тоҷикистон тавассути Узбакистон ин кишвар ба таъхиркорӣ роҳ дод, ки дар натиҷа решаи онҳоро дар сарҳади кишвар ҳамсоя хунукӣ задаааст ва ин монеи сабзиши онҳо шуд.
Ҷаноби Раҳимов дар идома гуфт, буҷаи Тоҷикистон аз хушкшавии шоҳбулутҳо зиён надидааст, зеро ба қавли ӯ, ширкате, ки ин дарахтонро овардааст, барои онҳо як сол кафолат дода буд. Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мегӯяд, Шоҳбулутҳои белгии хушкшуда баҳори соли сипаришуда бар ивази 22 миллион сомонӣ харидорӣ шуда дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе шинонда шуд, аммо аксаран хушк гардид ва онҳоро зуд аз реша тоза карданд. Ба ҳисоби миёна ҳар яки ин шоҳбулутҳо ҳудуди 1500 доллари амрикоӣ нарх дошт.