Президенти ФИФА ба Рустами Эмомалӣ: Шумо роҳи дурустро интихоб кардаед
Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалӣ футбол (ФИФА) мулоқот кардааст.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, ин мулоқот дар шаҳри Санкт-Петербург, макони баргузории мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 сурат пазируфтааст. Ба иттилои манбаъ, Хуршед Мирзоев паём ва ташаккури президенти ФФТ -- Рустами Эмомалиро ба раҳбари ФИФА барои диққати бештари ӯ ба рушди футбол дар Тоҷикистон расонидааст. Йозеф Блаттер низ дар навбати худ ба Рустами Эмомалӣ салом фиристода, барои саҳми арзандааш дар рушди футболи Тоҷикистон аҳсан хондааст: “Ман хурсандам, ки барои рушди футболи наврасон дар кишваратон аҳамияти ҷиддӣ медиҳед. Шумо барои рушди футболи наврасон роҳи дурустро интихоб кардаед”.
Йозеф Блаттер ва Хуршед Мирзоев ҳамкориҳои ФИФА ва ФФТ-ро дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфтааст, омодааст барои рушди минбаъдаи футбол дар Тоҷикистон кумак кунад.