Истеъфои президенту нахуствазири Яман ва тақдири норавшани зани тоҷик
Абдурабеҳ Мансур, раисҷумҳури Яман аз симмати худ истеъфо додааст. Ӯ шоми 22 ба 23 январ истеъфои худро эълон карда, аризаи канор рафтанаш аз курсии президентиро ба парлумони ин кишвар пешниҳод кардааст.
Султон ал-Атвонӣ, мушовири раисҷумҳури Яман дар суҳбат бо расонаҳо далели ба истеъфо рафтани Мансурро фишорҳои зиёди ахир дониста, гуфтааст, “оқои раисҷумҳур дигар таҳаммули онҳоро надоштанд.”Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи шиагарои Ҳусиҳо, ки қаблан кохи риёсатҷумҳури Яманро таҳти тасарруфи худ қарор дода буданд, ба Абдурабеҳ Мансур то соати 21:00 –и шаби 22 январ муҳлат додаанд ва ӯ низ соати 20:00 истеъфои худро эълон кард. Ин гуруҳ манотиқи васеи шимолии Яман ва инчунин шаҳри Санъо – пойтахти ин кишварро таҳти идораи худ қарор дода, шоми рӯзи сешанбе Кохи раёсатҷумҳурро тасарруф ва маҳалли иқомати Абдурабеҳ Мансурро муҳосира кард.
Мушовири раисҷумҳури Яман мегӯяд, аризаи истеъфоии Мансурро ҳоло парлумони ин кишвар напазируфтааст ва қарор аст, намояндагони Маҷлис гирдиҳам оянд ва дар ин бора тасмим бигиранд. Расонаи “ал-Арабия” хабар дода, ки баъд аз канор рафтани оқои Мансур нахуствазири Яман – Холид Баҳоҳ низ истеъфои худро эълон доштааст.
Номи кишвари арабии Яман дар ҳоле сархати расонаҳои хабарии Тоҷикистон қарор гирифт, ки хабаргузориҳои ин кишвар аз дуздида шудани як зани тоҷик аз сӯи гуруҳи мусаллаҳе хабар доданд. Гулрухсор Рофиеваи 36-сола, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябри соли 2014 аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Дар пайи дархости кӯмаки Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон барои раҳоии Рофиева вазири яманӣ ба гуфт, гуфтушунидҳо идома доранд ва рӯзҳои наздик хабари раҳоии табиби тоҷикро ба Душанбе хоҳад расонд, аммо то ҳол ҳеч иттилое нест.