Раисҷумҳури Миср: Агар президент мебудам, журналистонро раҳо мекардам
Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср гуфтааст, барои пайдо кардани роҳҳали қазияи хабарнигорони Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” талош хоҳад кард.
Ӯ ин нуктаро дар суҳбат бо нашрияи "Bloomberg" иброз дошта, ваъда додааст, ки ҳар коре бароо раҳоии рӯзноманигорон дар доираи қонун аз дасташ ояд, анҷом хоҳад дод.
Сисӣ изҳор дошта, агар замони боздошти рӯзноманигорон президенти Миср мебуд, онҳоро ба ҷои боздошт ба кишварҳои худ равон мекард: “Таманнои онро дорам, ки ҳеч гоҳ ягон корманди ВАО ё матбуот дар рӯбарӯи қозӣ ҳозир нашавад.”
Петер Грест, сокини Австралия ва Муҳаммад Фаҳмию Боҳир Муҳаммади мисрӣ, ҳамагӣ хабарнигорони “ал-Ҷазира” мебошанд, ки дар пайи кудетои низомӣ дар шаҳри Қоҳира ба иттиҳоми паҳни “хабари бардуруғ” ва ҳамдастӣ бо Ҳаракати “Бародарони мусулмон” (Ихвонулмуслимин) боздошт шуда, барои аз 7 то 9 сол зиндонӣ шуданд. Дар оғози соли нав Додгоҳи Миср эълон дошт, ки парвандаи марбут ба хабарнигорони ал-Ҷазираро аз сар баррасӣ хоҳад кард.