Комилов дар қочоқи беш аз 1 кило маводи мухаддир айбдор мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30-солаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандонаш Қосим Камилови 30-сола боздошт гардида, ки бо худ беш аз 1 кило маводи мухаддир дошт: “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 176 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 830 грамм афюн дарёфт ва мусодира шудааст.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, алайҳи ин сокини пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот идома дорад.