Ҷоми Иттиҳод-2015: Тоҷикистон дар зинаи ҳаштум
Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷиикистон (U-21) дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 миёни 12 даста зинаи ҳаштумро соҳиб шуд.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, мунтахаби ҷавонони кишвар дар рақобати ниҳоии хеш бо тими Қазоқистони барои ҷойҳои 7-8 мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015, ки 25 январ ба анҷом расид, бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Ин дар ҳолест, ки дар бозии даври гуруҳи мунтахаби Қазоқистон аз яккачини ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2015 тими ҷавонони то 21-солаи Африқои Ҷанубӣ эълон шуда, мақоми дуввумро Белорусия ба худ ихтисос дод. Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷиикстон (U-21) аз 6 бозие, ки дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 анҷом дод, дар дутоаш пирӯз гардида (Қазоқистон 1-0, Литва 2-1), дар чор дидор шикаст хӯрд (Африқои ҷанубӣ 1-3, Туркманистон 0-2, Қирғизистон 1-3 ва Қазоқистон 0-2).
Мунтахаби футболи ҷавонони кишвар дар Ҷоми Иттиҳод-2014 зинаи ёздаҳумро соҳиб шуда буд.