Хомӯшии вазири узбак дар мавриди хатсайри Душанбе-Тошканд
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар мавриди парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд бо мақомоти Узбакистон созиш нашудааст.
Асозода, имрӯз, 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ҷониби Тоҷикистон ягон монеа барои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд нест. Ӯ таъкид намуд, ки ҷонибдори парвозҳо дар ин хатсайр аст ва шахсан дар ин маврид ба вазири нақлиёти Узбакистон мактуб навиштааст. Ба гуфтаи вазири тоҷик ҳамтои узбакаш то ҳол ба ӯ посух надодааст.
Хайрулло Асозода илова намуд, ки ба наздикӣ дар Туркия мулоқоти вазирони нақлиёт дар назар аст ва дар он ҷо масъалаи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошкандро бо ҳамтои узбакаш баррасӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Узбакистон иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз 29-уми марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст.