Муродзода дар қочоқи "ҳашиш" гунаҳкор мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Шерзод Муродзодаи 25-сола дар ноҳияи Мастчоҳ ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ аз дохили автомошинаи Муродзода наздик ба 5 кило маводи мухаддир дарёфт шудааст.
“Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш ТҶ 02-62 ЕЕ 02, таҳти идораи ронанда Муродзода Шерзод соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Мастчоҳ, аз дохили он 4 килою 680 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира гардид.”- афзудааст манбаъ.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД-и кишвар, ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.