баргард чоп кардан

Шарофзода забони таҳия ва тарҷумаи филмҳоро “даҳшат” хонд

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон забони таҳия ва тарҷумаи филмҳоро дар кишвар “даҳшат” баҳогузорӣ кард.

Шарофзода, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, имрӯз филмҳое ба фурӯш баромада истодаанд, ки забонашон ба меъёри забони адабӣ созгор нест: “Махсусан ду филм - “Зангирии Мугамбо” ва “Дон Жуан”, ки бе мувофиқа бо Кумитаи забон дар шаҳри Кӯлоб ба фурӯш гузошта шуд. Бо пешниҳоду гуфтугуҳои комиссияи таъсиснамудаи мо бо масъулини шаҳри Кӯлоб фурӯши ин филмҳо манъ карда шуд.”

Хонум Шарофзода ҳамчунин забони тарҷумаи филмномаҳое, ки тавассути телевизион ба намоиш гузошта мешаванд, даҳшат хонда, илова кард, “махсусан филмҳое, ки аз забони ҳиндӣ тарҷума шуда, рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба намоиш гузошта мешаванд, ғайрикасбиянд”.

Ба гуфтаи Шарофзода Кумитаи забон соли 2014 ҳудуди 112 филмҳои тарҷумавии студияҳои “Нурангез”, “Арш”, “Симо прдакшн”, “Килк”, “Ҳамсадо” ва “Асар”- ро мавриди баррасӣ қарор дода, эроду пешниҳодҳои худро ироа кардааст.