Ҳушдори Шабдолов тариқи TV: Ҳамаро аз даст медиҳем
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон зимни суханронии пешазинтихоботиаш аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, бозори дохилиро ҳимоя карда натавонистем ва дар пайи таъсири омилҳои берунӣ иқтисоди кишвар дучори буҳрони шадид шудааст.
Раҳбари коммунистҳо бо зикри пойбандии бозорҳои дохилӣ, аз ҷумла бозори озуқа аз маҳсулоти хориҷӣ рушди хоҷагии қишлоқро зарур хондааст. Ӯ бозгашт ба низому колхозу савхозро пешниҳод карда, таъкид намудааст, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то маҳсулоти ниҳоӣ бояд дар дохили кишвар роҳандозӣ шавад.
Шабдолов ба рушди соҳаи энергетика ишора карда, изҳор доштааст, ки он бояд пурра дар инҳисори давлат бошад. “Дар сурати ғайр мо ҳамаро аз даст медиҳем”. Раҳбари коммунистон тоҷик афзудааст, ки рушди ҳамаи соҳаҳои дигар аз энергетика вобастаанд.
Ба қавли раиси ҲКТ дар сурати роҳандозӣ кардани сиёсати иҷтимоӣ Тоҷикистон метавонад субот ва амнияташро таъмин кунад. “Ҳукумат бояд иттилоот дар мавриди таҳдид ба амнияти миллӣ, хатарҳои иқтисодӣ ва суботи иҷтимоиро аз мардум пинҳон накунад”- таъкид кардааст Шодӣ Шабдолов.
Ӯ гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд дар раванди пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фаъол бошад. Ба бовари Шабдолов ин иттиҳодия барои ҳамаи кишварҳои узв шароит фароҳам мекунад, ки бозорҳои миллиашонро ҳифз кунанд.