СҲШ дурнамои ҳамкориҳоро дар бахши изтирорӣ ба баррасӣ мегиранд
Вазирони ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиши вижа баргузор менамоянд.
Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавкулода ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, 28-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории вазирони ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СҲШ доир мешавад. Ба иттилои манбаъ зимни баргузории ин чорабинӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар баррасӣ мешавад.{jathumbnail off}