Русия: Шаҳрванди Тоҷикистон дар куштори ҳамватанаш муттаҳам мешавад
Кумитаи минтақавии тафтишотии вилояти Улянови Русия аз эълони айб нисбат ба як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори табааи дигари кишвари мо хабар додааст.
Торнамои ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Димитровград зиндагӣ мекардааст, 3 феврали соли равон дар ҳолати сархушӣ дар яке аз утоқҳои хобгоҳи кӯчаи Маскав (шаҳри Димитровград) бо ҳамқадаҳаш - шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷанҷол намуда, ӯро зери мушту лагад мегирад. Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Бо мақсади рупуш кардани ҷинояти худ айбдоршаванда ҷасадро ба қисмати дигари бино мебарад”.
Ба иттилои Кумитаи минтақавии тафтишотии вилояти Улянов, феълан айбдоршаванда боздошт шуда, чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян кардани тамоми ҳолатҳои ҷиноят идома дорад.
Манбаъ, шахсияти айбдоршаванда ва мақтулро ифшо накардааст.