баргард чоп кардан

«Равшан» боз аз «Регар ТадАЗ» пеш гузашт

Даври 31-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.


Ба иттилои Алӣ Шариф, сухангӯи дафтари матбуоти ФФТ дар ин сабқат бозии дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. “Шодмон»-и Ҳисор аз ССКА «Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд. Тими «Равшан»-и Кӯлоб бар дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 дастболо гардид.

Баъди анҷоми даври 31-ум тими «Равшан» бо 62 имтиёз дар ҷои аввал аст. «РегарТадАЗ» бо 60 хол дар мақоми дуюм ва дастаи «Истиқлол» бо 55 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Даври 32-юми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 9-уми октябр баргузор мегардад. Ин навбат «Истиқлол»-«Гвардия», «Регар-ТадАЗ»-«Хайр», «Энергетик»-ССКА «Помир», «Хуҷанд»-«Вахш» бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Манбаъ афзуд, ки бозӣ миёни дастаҳои «Парвоз»-«Равшан» 10-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе - “Энергетик”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа - “Хайр”-и Ваҳдат 27-уми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 30-юми сентябр баргузор мешаванд.
Бозиҳои аввали нимниҳоӣ 3-юми октябр бозиҳои ҷавобӣ бошад, 6-уми октябр доир мегарданд.
Гуфтанист, барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ дастаи “Истиқлол”  бо ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” - “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ғолиби ҷуфти “Вахш” - “Хайр” қувваозмоӣ мекунанд.{jathumbnail off}