Боздошти Шириншоев бо сангҳои қиматбаҳо дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 25-сола дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо сангҳои қиматбаҳо муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод 9-уми феврали соли равон аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Шириншоев Атобек соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир гардид: “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 10 адад сангҳои қимматбаҳои гуногуншакл, аз ҷумла 9 адад санги қиматбаҳои “ёқут”, вазнашон 20,03 грамм ва 1 адад санги таббии қиматбаҳои “корунд” вазнаш 1,93-грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.”
Мақомоти пулис мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.