баргард чоп кардан

Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ

23-юми сентябр дар иртибот ба рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналист дар факултаи журналистикаи ДМТ мулоқоти раҳбарияти Шӯрои ВАО бо устодон ва донишҷӯёни факулта сурат пазируфт.


Вохӯрии роҳбарияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони факулта баргузор гардид. Тибқи иттиллои Зинатулло Исмоилов,   ин нишаст ба масоили худтанзимкунии журналистӣ ва фаъолияти шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби нигорандагӣ бахшида шуд. Қайд гардид, ки яке аз шартҳои асосии рушди журналистикаи босифат дар кишвар ин риояи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон аст.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола бо ташаббуси созмонҳои журналистӣ рӯзи 23 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналистон таҷлил мегардад ва чорабинии мазкури Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ дар доираи таҷлили ин рӯз сурат гирифт.

Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, муассисони ин созмон ИЖТ, АМВАОМТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва телевизиони  СМТ мебошанд.{jathumbnail off}